Рӯзи 21.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ, ки 23 – юми феврал аз таъсисёбии он 32 сол сипарӣ мегардад, самимона табрику таҳният гуфт ва доир ба нақшу саҳми бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлоли давлатии кишвар, рукнҳои асосии давлатдории миллӣ суханронӣ намуд. Мавсуф табрикоти раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ироа намуда таъкид намуд, ки нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат бениҳоят бузург аст.
Сипас, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар даврае таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ, сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шуруъ шуд.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Тӯли солҳои мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад.
Ҷавонони кишвар, ки ояндаи ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоанд, талош бар он доранд, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани хеш сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат намоянд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи ҷавонон, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию фарҳангии сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” -и донишгоҳ рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомад гардид.