СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ”

Бинанда: 399 | Санаи нашр: 19 Феврал 2025

Фазои сиёсии асри XXI аз асрҳои гузашта фарқ мекунад. Новобаста аз он, ки падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср набуда, дар баробари ин асри нав шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавии равандҳои навро пайдо кардааст. Терроризм яке аз падидаи замони муосир набуда, нишонаҳои он дар давраҳои пеш низ мавҷуд буд. Аммо дар замони муосир терроризму экстремизм бо тарзу усули хосаи худ амалҳои зишти худро ба амал бароварда истода аст. Терроризм яке аз он мушкилотҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бетараф гузошта наметавонад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб дар алоҳидагӣ ба ягон давлат муяссар намегардад.

Тоҷикистони тозаистиқлол аз хатари экстремизм ва терроризм назар ба дигар давлатҳои минтақа эмин нест. Аз ин рӯ, бо мақсади амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 санаи 19 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон навбат ба навбат дар байни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия, раиси Шурои занон Ҳисориева Г.Т. семинар дар мавзӯи “Нақши занон дар пешгирии экстремизм ва терроризм” роҳандозӣ шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top