ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДДТТ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бинанда: 571 | Санаи нашр: 22 Феврал 2025

ОМӮЗГОРОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ АЗИЗ!

Чи тавре ки маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 23-юми феврал дар ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон гардидааст ва имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди тоҷик 32 - юмин солгарди онро дар фазои сулҳу оромӣ, рӯҳияи баланди ободкорию ватандӯстӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Дар робита ба ин, ҳамаи шуморо ба муносибати ин ҷашни муҳимми миллӣ самимона табрику муборакбод мегӯям.

Мусаллам аст, ки ягон кишвари рӯи олам бе Артиши миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дар Тоҷикистони мо низ баъди ба даст

овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён омад.

Ба ин хотир 18-уми декабри соли 1992 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қабул карда шуд ва нахустин Паради ҳарбӣ 23-юми феврали соли 1993 баргузор гардид, ки ин чорабинӣ расман ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар асос гузошт.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодию иҷтимоии мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуд.

Дар ин давра ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаи муҳиме гузошта шуда буд ва ин ниҳоди эътимодбахши давлату миллат бо вуҷуди аз сифр оғоз намудани кор дар ин самт аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бомуваффақият баромада, баҳри таъмини сулҳу амният ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ҷасорату мардонагӣ ва шуҷоату корнамоӣ нишон доданд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро барои таъминот бо техникаю таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимоягари кишвар табдил ёфтани он кӯшиш ба харҷ додааст.

Маврид ба зикр аст, ки нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат басо бузург аст.

Шурӯъ аз соли 1997 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми арзишманди худро гузоштааст.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, такягоҳи боэътимоди сулҳу субот, ҳимоятгари марзу буми кишвар мебошад, зодаи замони Истиқлолияти давлатӣ буда, аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат ҳамасола баҳри рушд ва мустаҳкам намудани иқтидори он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Маҳз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мамлакат, бахусус дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчун неруи тавонои дифои кишвар, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро пурра таъмин месозад.

Мо – ҳамагон хизмати шоистаи афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватанро дар рӯзҳои вазнини ба сари миллати тоҷик омада, набояд фаромӯш кунем, зеро ин қувваи эътимодноки давлат тавонист, ки мардуми шарафманди тоҷикро аз ҳолатҳои ногувори ҳамонвақта раҳоӣ бахшад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки тӯли солҳои мавҷудияташ ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро кардаанд ва эътимоди комил дорем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии ватани маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии кишварро таъмин менамоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба далериву шуҷоат, мардонагӣ ва ҳувияти баланди миллии афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватан бовар доранд ва дар симои онҳо ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони ҳақиқии марзу буми меҳанамонро мебинанд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон вазифаи ҷонии худро сарбаландона адо менамоянд ва ин шуҷоату мардонагиро дар рӯҳияи ҷавонони мамлакат бедор месозад.

Ҳоло, ки тайёрӣ ба маъракаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон шурӯъ гардидааст, ҳар як ҷавони бонангу номуси ватан, аз ҷумла хатмкунандагони донишгоҳи моро низ зарур аст, ки ба таври ихтиёрӣ барои адои хизмат ба ватан-модари худ, ки барои ҳар як инсон қарзи шаҳрвандию ватанпарастӣ маҳсуб меёбад, омода бошанд.

Бори дигар ҳамаи шумоёнро ба Рӯзи Артиши миллии кишварамон табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, сарбаландӣ ва сулҳу суботи ҳамешагиро орзумандам.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top