Санаи 22 - юми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гирифтани таҳсилоти олӣ ва шиносоӣ бо равия, ихтисосҳо, заминаи моддию техникӣ ва шароити таълиму тарбия дар донишгоҳ “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд, ки дар он намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Шодиев ва намояндагони Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Зафар Ҳакимов, инчунин, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст, намояндагони донишгоҳ хатмкунандагонро пазироӣ намуда, ба онҳо маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла рӯзномаи донишгоҳӣ, буклет ва дискҳои электрониро тақдим карданд. Довталабон зимни шиносоӣ бо заминаи моддию техникии донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои ба талаботи стандартҳои байналмилалии муосир ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронӣ, намоиши китобҳо, дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангию варзишӣ таассуроти неку фаромӯшношуданӣ бардоштанд.
Сипас, дар толори асосии донишгоҳ бо хатмкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович ихтисосҳои донишгоҳро муаррифӣ намуда, доир ба муҳиммияти таҳсилоти олии касбӣ, илму маърифат ва забономӯзӣ барои ҷавонон, фаъолияти гуногунҷанбаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла шарту шароити таҳсил, заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва имтиёзҳо барои донишҷӯён ибрози андеша намуд.
Намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Шодиев зимни суханронӣ доир ба низоми қабули хатмкунандагон тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025 – 2026, мушкилоти интихоби ихтисосҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва дигар масоили марбут ба ин соҳа ибрози андеша намуда, хатмкунандагонро ба омӯзиши илму ҳунар, дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ даъват намуд. Инчунин, мавсуф ба саволҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба хусусиятҳои қабул тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов аз номи раёсати донишгоҳ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо барои иштироки фаъолона дар “Рӯзи дарҳои кушод” изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар интихоби касб ва таҳсили ояндаашон бурдбориҳо таманно намуд.