МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ПОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАМЧУН ЯКЕ АЗ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

Бинанда: 518 | Санаи нашр: 21 Феврал 2025

Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз ва биҳиштӣ насибашон гардидааст.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забонҳо санаи 21-уми феврали соли 2025 мизи мудаввар дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва пойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз арзишҳои миллӣ” баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ дотсент Машокиров Ҷ.Н. ҳусни оғоз бахшид. Дар мизи мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун маърузаҳо карда шуданд.

  1. Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва пойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз арзишҳои миллӣ”
  2. Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Нақши забони миллӣ чун воситаи наҷоти миллат дар таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”
  3. Насриддиниён Бобишоҳ Ҳасанпур – н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “ Ҷойгоҳи забон дар эҳё, тарғиб ва рушди арзишҳои миллӣ”
  4. Акрамов Файзалӣ Маҳрамович - н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Истифодаи ҷамъбандии исмҳои забони арабӣ дар забони тоҷикӣ”
  5. Абдулазизова Зебо Садулаевна - н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ дар мавзуи “Таджикский язык – наш дар бесценный”
  6. Қироати шеърҳо дар васфи забони модарӣ (хонандагони литсейи ДДТТ)

Чуноне Пешвои муаззами миллат дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» қайд мекунанд: «Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфтааст. Дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».

Албатта ҷойгоҳи забони модарӣ дар байни омилҳои номбаршуда аз муҳимтаринҳост, зеро ҳамаи омилҳои болозикр тавассути забон амалӣ мешаванд.

Ҳамасола 21- феврал  мувофиқи қарори Сесияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО  (аз 17- ноябри соли 1999) Рӯзи баналмилалии  забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн  гирифта мешавад, аз ин рӯ кулли мардуми оламро ба ин Рӯзи фархунда шодбош мегӯем.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top