Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ санаи 1.02.2025 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили доимамалкунандаи “Кадбону” бо иштироки донишҷӯдухтарон баргузор шуд.
Дар маҳфил Ҷамила Ғафурова – роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон ва Моҳрӯ Олифтаева – роҳбари бахши занон ва донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарз ба донишҷӯдухтарон тарзи омода намудани “Шӯрбо бо карам (борщ)”-ро омӯзониданд. Сипас, масъулин ва донишҷӯдухтарони хобгоҳ сари дастархони густурдашуда, перомуни маъно, муҳтаво ва сабабҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод мебошад, андешаронӣ намуданд.
Ҷамила Ғафурова дар фарҷоми чорабинӣ андешаҳояшро бо овардани иқтибос аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад» ҷамъбаст намуд.