ХУШХАБАР
Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2025, №13/ди омӯзгорони зерини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба дараҷаи илмии номзади илмҳо ва унвони илмии дотсент сазовор дониста шуданд:
Ғаюрова Рано Саидмуродовна ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – илмҳои иқтисодӣ (08.00.05.03 – хизматрасониҳои нақлиётӣ ва гумрукӣ);
Алиев Султон Махмадшарифович ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (адабиёти форсӣ) .
Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 31.01.2025, № 16/уи ба Рустамзода Фитрат Музафар шаҳодатномаи намунаи давлатии унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёт дода шуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ барои ноил шудан ба дараҷаи илмии номзади илмҳо ва унвони илмии дотсент омӯзгорони Факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрукро табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатии комил ва расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари илмиро таманно менамоянд.
Раёсати илм ва инноватсия!