ДАРСИ НАМУНАВИИ ТАРБИЯВӢ

Бинанда: 616 | Санаи нашр: 31 Январ 2025

Рӯзи 31.01.2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ дарси намунавии тарбиявии сарпарасти гурӯҳи академӣ Бобохониён Довуд Маҳмадраҷаб дар мавзуи “Ҷашни миллии тоҷикон - Сада” баргузор гардид.

Дар дарси намунавии тарбиявӣ декани факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук, н.и.и., дотсент Ҳомидов А.Н., муовини декан оид ба тарбия Шаропов Ф., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Ғайратов Т.М. ва ассистент Ҳакимов Ш.Ш. иштирок намуданд.

Дарси намунавии тарбиявиро сарпараст Довуд Бобохониён оғоз намуда қайд кард, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик ва халқҳои форсизабон мебошад, ки ҳар сол рӯзи 30-уми январ таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн асосан бо пайдо шудани оташи муқаддас ва оғози зиндашавии табиат вобаста аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн аз рӯйи анъана бо афрӯхтани гулхани бузург оғоз меёбад, ки рамзи рӯшноӣ, гармӣ ва пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад.

Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки дар ҷашни Сада як чанд чорабиниҳо, аз қабили афрӯхтани оташи бузург, гирдиҳамоӣ ва сурудхонӣ, пухтани таъомҳои ҷашнӣ, баргузории бозӣ ва мусобиқаҳо, қироати достонҳо ва ривоятҳо, намоишгоҳ ва маҳфилҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Сипас, донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 240103 - ҳуқуқи иқтисодӣ Шафиев В. дар мавзуи “Ҷашни Сада ва рамзҳои он дар сарчашмаҳои адабӣ” ва Ҷабборова М. дар мавзуи “Ҷашни Сада: пайдоиш ва моҳияти он” маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми дарси намунавӣ декани факултет Ҳомидов А.Н. ҳозиринро бо ҷашни Сада табрик намуда, қайд кард, ки маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҷлили ҷашни Сада дубора эҳё гаштааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ истиқбол гирем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top