ИҚТИСОДИЁТИ ДАВРӢ: АЗ НАЗАРИЯ БА АМАЛИЯ

Бинанда: 754 | Санаи нашр: 24 Январ 2025

Санаи 23-юми январи соли 2025 дар Маркази инноватсионӣ ва парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи CirculEс-и барномаи Эрасмус+ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид.

Нахуст, мушовири лоиҳаи PECA (GIZ), профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили бизнес Қодирова Зарина Ҳалимовна ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба иқтисоди даврӣ, татбиқ ва дастовардҳои лоиҳаи CirculEс суханронӣ намуд.

Зимни баррасии масъалаи таҳияи стратегияи нави ДДТТ барои солҳои 2025-2030 бо назардошти татбиқи “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Сипас, дар баромади худ муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, аъзои Шурои академии лоиҳа, н.и.и. Ҳисориева Гулнора Тоировна қайд намуд, ки таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор яке аз самтҳои муҳимми татбиқи лоиҳа ба шумор рафта, омӯзгорони донишгоҳ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами шарикони аврупоии лоиҳа дар соли таҳсили 2025 - 2026 маводҳои таълимӣ-методии банақшагирифтаро таҳия ва татбиқ хоҳанд кард.

Маърӯзаи сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ н.и.т. Абдуллоев Бахтиёр Толибҷонович дар мавзуи “Таҷрибаи донишгоҳ дар самти татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи барқ (нерӯи сабз) дар биноҳои таълимӣ” бо пешниҳоди маълумот оид ба истифодаи самараноки неругоҳи офтобӣ дар донишгоҳ шунида шуд.

Дар муҳокимаи маърӯзаҳо д.и.и. Зубайдов С., дотсентон Қурбонов А.Р., Маҳмадуллоев З.Н. ва Дустматов Б.М. иштирок намуда, фикру андешаҳояшонро оид ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Мизи мудаввар дар фазои илмию мубоҳисавӣ сурат гирифта, иштирокчиён аз маърӯзаҳои пурмуҳтавои гурӯҳи кории лоиҳа ва таҷрибаҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар самти татбиқи барномаҳои таълимии иқтисоди даврӣ баҳрабардор гаштанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top