ОМӮЗГОРОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ АЗИЗ!
Соли 2024, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли бобарор ва дастовардҳо буд, ба ҳукми таърих ворид мегардад.
Дар робита ба ин, ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Соли 2024 дар Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳамаи соҳаҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, ки ба пешрафт ва ободию шукуфоии мамлакат мусоидат намуданд.
Дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ ҷашн гирифтани 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 уми декабри соли 2024 ироа гардид, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои соли сипаришаванда маҳсуб меёбанд.
Соли 2024 барои коллективи донишгоҳи мо низ соли дастовардҳои назаррас дар самти таълиму тарбия, илму инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таблиғи фарҳангу маънавиёт, худшиносию худогоҳии миллӣ буда, натиҷаи заҳмати пурмаҳсули Шумо профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз арзёбӣ мегардад.
Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави мелодии 2025 ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, бо азму иродаи қавӣ ва ифтихор аз меҳану ватандорӣ, таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазирро дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ мемонанд.
Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти омӯзгориву таҳқиқотиатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Бигузор Соли нави 2025 барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ соли пурфайзу бобаракат ва оғози марҳилаи нави ташаббусҳои наҷиб гардад!