Санаи 28.12.2024 муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдуллоев Зафарҷон Асҳобович дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди ДДТТ рисолаи номзадии хешро дар мавзуи “Такмили низоми идоракунии кормандон дар шароити рақамикунонӣ (дар мисоли меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе)” таҳти роҳбарии д.и.и., дотсент Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич аз рӯйи ихтисоси 08.00.12 – Иқтисодиёти меҳнат бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.
Раёсат, аҳли омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ Зафарҷон Абдуллоевро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ва корҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ комёбӣ таманно менамоянд!