Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” раҳнамои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меёбад.
Санаи 28.12.2024 дар толори бинои нави Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори асосии донишгоҳ ва факултетҳо шароити мусоид фароҳам оварда, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дастҷамъона Паёми Пешвои муаззами миллатро тамошо карданд.
Дар Паём таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф хеле хуб эҳсос гардид, ки рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аз ин соҳаи муҳим вобастагии амиқ дорад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва маърифатнокии халқ, хусусан наврасону ҷавонон мебошад.
Аз ироаи Паёми навбатӣ ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ изҳори хушҳолӣ намуда, онро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор медиҳанд.