Муборак, муборак бошад!
Иштироки олимону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмунҳо ва чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ рӯз то рӯз зиёд гардида, ба ин васила обрӯю нуфузи донишгоҳ дар фазои илмии кишвар ва берун аз он афзуда истодааст.
Чанде пеш омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ Сафарова Муборак Бобохоновна дар озмуни байналмилалии “Таҳқиқотчии беҳтарин” (Best researcher), байни Муассисаҳои илмӣ-таҳсилотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ғолиб дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 ва Медали сарисинагии “Таҳқиқотчии беҳтарин” сарфароз гардонида шуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ Муборак Бобохоноваро бо ин дастоварди илмиаш шодбош гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои навбатии илм барору комёбӣ таманно доранд.