Санаи 27 - уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи пленарии конференсияи III -юми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” (2020-2040) баргузор гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳозиринро хайрамақдам намуда, иброз дошт ки иқтисоди рақамӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти кишвар буда, нақши он дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ рӯз то рӯз меафзояд. Тоҷикистони муосирро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилотҳо ва оилаҳо бениҳоят муҳим мебошад.
Бо сухани шодбошӣ директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол баромад намуда, зикр кард, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ чунин чорабиниҳо барои мубодилаи дониш, таҷриба ва пешниҳод намудани ҳалли навоварона ба масъалаҳои муосири илму амал аҳамияти бузург доранд.
Дар ин замина олимон ва муҳаққиқон бо маърӯзаҳои зерини хеш ширкат варзиданд:
1. Сухани шодбошии Мирпочоев Далерҷон Алиҷонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд;
2. “Истифодаи технологияи рақамӣ дар шароити муосир”, Мавлоназаров Силмон Силтоназарович, н.и.п., сарходими илмӣ-профессори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. “Управление экономикой в условиях цифровизации”, Маҷидов Абдунасим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДИС ДДТТ дар ш. Хучанд (маҷозӣ);
4. “Роҳҳои ҳалли масъалаҳои рақамикунонӣ дар иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Зайнудинов Сафар, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири шуъбаи тақвияти институтсионалии кишвар ва иқтисоди рақамии Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. “Танзими бозорҳои криптоасъор (криптовалютӣ) дар ҷаҳони рақамӣ: имкониятҳо ва таҳдидҳо”, Қурбонов Маҳмарасул Абдуқодирович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ;
6. “Рақамикунонӣ ва таъсири он ба раванди таълим”, Салимов Назаралӣ Сафарович, номзади илмҳои физика-математика, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
7. “Рушди технологияи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Бӯриев Беҳрӯзҷон Маҳмадалиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТТ ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд ширкат варзиданд.
Кори конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҷамъбаст намуда, барои идомаи кори ҳамоиш дар бахшҳо муваффақиятҳо хост.