Cанаи 23.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” бо иштироки ҳайати раёсат, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Қурбонов А.Р. оғоз намуда, қайд намуд, ки коррупсия ҳамчун амали ба ҷомеа ва давлат хавфдошта инкишофи муътадили соҳаҳои идоракунии давлатро халалдор намуда, нобоварии мардумро нисбати қонун ва давлат зиёд мегардонад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамасола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар ин падидаи номатлубро маҳкум намуда, мубориза ба онро вазифаи дастаҷамъона меҳисобад.
Сипас, Алиев Фарух – мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзуи “Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, иброз намуд, ки коррупсия падидаи манфии ҷаҳони муосир ва мушкилоти сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардида, дар ҳаёти ҷомеа падидаи нав набуда, он таърихи тӯлонӣ дорад ва сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва дараҷаи тараққиёт давлатҳоро фаро гирифтааст.
Баъдан, Мирзоева Қутфинисо – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзуи “Заминаҳои асосии пайдоиши коррупсия. Назорати прокурорӣ дар ин самт” маърӯза намуда, қайд кард, ки коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Таърихи башар cap то ба по пур аз мисолҳои порахӯрӣ ва ришваситонӣ мебошад, вале таҳқиқи илмии ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оѓоз гардид.
Дар идомаи чорабинӣ Ғайратов Тимуршо – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзуи “Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта” суханронӣ намуда, иброз намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он сутуни давлатдориро заиф гардонида, обрӯю нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад.
Чорабинӣ бо муҳокимаи маърӯзаҳо, мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб миёни иштирокчиён анҷом ёфт.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон минбаъд низ баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-амалиро идома дода, саҳми худро дар рушди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсинӣ мегузорад.