БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «КАДБОНУ» ДАР ХОБГОҲ

Бинанда: 655 | Санаи нашр: 20 Декабр 2024

Рӯзи 19-уми декабри соли 2024 дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили навбатии “Кадбону” бо иштироки донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки маҳфили «Кадбону» ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии донишҷӯдухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани донишу малакаи касбомӯзӣ, ҳидояти онҳо ба рӯзғордорӣ, арҷгузорӣ ба расму оини миллӣ, мероси ниёгон ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Дар маҳфили имрӯза донишҷӯдухтарони факултети иқтисодиёт ва тиҷорат, махсусан, донишҷӯи курси 1-ум Шукронаи Музаффар маҳорат ва санъати баланди кадбонугии худро дар омода намудани ширинӣ нишон дод.

Инчунин, Муҳайёи Рустам ва Меҳрангез Одинаева дар ҳузури роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова хӯроки миллии оши бурида-угроро омода сохта, донишҷӯдухтарони хобгоҳро барои як пиёла чой ба сари хони ороста аз хӯрокҳои миллӣ даъват намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top