Санаи 14.12.2024 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ Мизи мудаввар дар мавзуи «Контроли конститутсионӣ – аркони давлати ҳуқуқбунёд» бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ёдбуди Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Холиқов Кароматулло Нарзуллоевич доир гардид.
Дар чорабинӣ олимони соҳаи ҳуқуқ, коршиносон, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, унвонҷӯёну магистрантҳо ва донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ширкат намуданд.
Мизи мудаввар аз муаррифии иштирокчиёни он аз ҷониби модератори чорабинӣ-раиси Раёсати Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ Раззоқов Б.Ҳ. шурӯъ шуда, сухани ифтитоҳии муовини якум, муовини ректор оид таълими ДДТТ, н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. ба кори он ҳусни оғоз бахшид. Бо сухани шодбошӣ дар Мизи мудаввар иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Сафарзода Б.С. ва сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Соибов З.М. баромад карда, мавзуи онро муҳимму мубрам арзёбӣ намуданд.
Дар Мизи мудаввар бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карданд: профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ, д.и.ҳ. Раззоқов Б.Ҳ. - “К.Н.Холиқов – муҳаққиқи асили ниҳоди контроли конститутсионӣ дар Тоҷикистон”, Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судяи дараҷаи якуми тахассусӣ Абдураҳимзода Д.Р. - “Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми назорати конститутсионӣ”, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ Ғайратов Т.М. - “Асосҳои сохти конститутсионӣ ҳамчун объекти ҳифзи ҳуқуқи ҷиноятӣ” (бо забони русӣ), магистранти соли якуми таҳсили ихтисоси “Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Норова М. - “Аҳаммияти қонунияти конститутсионӣ дар давлати ҳуқуқбунёд”.
Дар доираи Барномаи Мизи мудаввар байни иштирокчиёни он мубодилаи афкор, муҳокимаи маърӯзаҳо, саволу ҷавоб ва ибрози хотираи ҳамкасбону шогирдон сурат гирифт. Аз ҷумла, сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурляминзода Г.А., прокурори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуотии Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Д.С., мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ, н.и.ҳ. Алиев Ф.Ш., дотсенти ҳамин кафедра, н.и.ҳ. Мирзоева Қ.М. сухан гирифта, мазмуни маърӯзаҳоро баланд арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳад ва дар ин ҷода анҷоми соири чорабиниҳои илмию амалии мақсаднок баҳри рушди унсурҳои давлати ҳуқуқбунёд тақозо мегардад. Ҳамкасбону шогирдон зимни ёдоварии хислатҳои неки устод К.Н.Холиқов ба самимият ва зиндадилии ӯ ишора доштанд, пешниҳодҳои илман асоснокшудаи шодравон аҳаммияти амалии худро гум накарда, метавонанд дар таҳкими ниҳоди назорати конститутсионӣ ва такмили минбаъдаи аркони давлатдории миллӣ истифода шаванд.
Дар фарҷоми Мизи мудаввар ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳми фаъолона дар кори он арзи сипос карда шуд.