Санаи 13.12.2024 дар синфхонаи “Иқтисодиёти сабз”–и Маркази инноватсионӣ ва парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ викторина доир ба “Нақши иқтисоди сабз дар баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат” дар байни донишҷӯёни курсҳои 3-юми ихтисосҳои 250103-иқтисодиёти ҷаҳон ва 23010103 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар озмун мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Рустамзода Фитрат Музафар, профессори кафедра Дустбоев Шодимурод, номзади илмҳои иқтисодӣ Назруллозода Майсара Назрулло, муаллимони калони кафедра Давлатов Насим Сайдаҳтамович ва Азизова Назира Аҳмадовна ширкат варзиданд.
Викторина аз се қисмат иборат буда, донишҷӯёни дастаҳо вобаста ба ҳар як шарти озмун дониши хуб нишон дода, ба саволҳо ва супоришҳои озмун ҷавобҳои мушаххас доданд.
Натиҷаи викторина чунин аст:
1. Гурӯҳи 23010103- ташкили робитаҳои байналмилалӣ – сазовори ҷойи якум;
2. Гурӯҳи 250103-иқтисодиёти ҷаҳон – сазовори ҷойи дуюм.
Дар фарҷоми озмун аъзои ҳакамон ба дастаҳо барои иштироки фаъолона арзи сипос иброз намуда, ба онҳо барои фаъолияти минбаъдаи донишҷӯӣ ва илмиашон муваффақиятҳо таманно намуданд.