ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ

Бинанда: 751 | Санаи нашр: 13 Декабр 2024

Санаи 12 декабри соли 2024 дар донишгоҳ бо мақсади амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” бо иштироки ҷавононе, ки баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гаштаанд, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Иброҳимзода Амир Мудин – сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев Далер Ғозибекович – намояндаи Кумита, Раёсати донишгоҳ, сарбозоне, ки баъди хатми Донишгоҳ, барои адои хизмати Модар-Ватан дар марҳилаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ даъват шудаанд ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ ба сарбозони шуҷои Ватан тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешкаши аҳли толор пешниҳод гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top