Санаи 11.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Озмоишгоҳҳои гумрукӣ ва саҳми онҳо дар таъмини бехатарии бозори истеъмолии кишвар” бо иштироки Сардори озмоишгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Раҳматов Сиёвуш Аломуддинович ва майори хадамоти гумрук Каримов Салоҳиддин Хуршедович, сардори раёсати илм ва инноватсия Султонов Зоиршо Султонович ва донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисоси 960101-хадамоти гумрук баргузор гардид.
Нахуст, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Раъно Ғаюрӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфта, доир ба нақш ва аҳамияти озмоишгоҳҳои гумрукӣ дар таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ ибрози ақида намуд.
Сипас, майори хадамоти гумрук Раҳматов Сиёвуш Аломуддинович дар мавзуи “Саҳми озмоишгоҳҳои гумрукӣ дар таъмини бехатарии бозори истеъмолии кишвар” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Қайд гардид. ки имрӯз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои озмоишгоҳҳои муосир мебошад, ки онҳо дар таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ нақши муассир доранд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар профессорон Раҷабов Р.К., Нидоев Н.Ф., и.в.мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С., дотсент Ҳикматов С.И. ва декани факултет Ҳомидов А.Н. дар музокира иштирок намуда, доир ба мавзуи матраҳшуда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.