БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Бинанда: 725 | Санаи нашр: 11 Декабр 2024

10-уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Рӯзи ҳуқуқи инсон” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масоили мубрами ҳуқуқи инсон дар шароити муосир” бо иштироки олимон, муҳаққиқон, намояндагони идораҳою муассисаҳои давлатӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, аҳамияти ҳуқуқи инсон ва нақши маърифати ҳуқуқиро дар ҷомеаи муосир таъкид намуд.

Мавсуф оид ба дастовардҳои кишвар дар самти ҳуқуқи инсон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид мебошад ва ба санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайвастааст. Ин санадҳо барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар асоси ҳуқуқӣ гузоштаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, дар он ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, таҳсил, меҳнат ва таъмини адолати иҷтимоӣ кафолат дода шудааст. Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ, ки ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст ба мақсад мувофиқ мебошад.

Сипас, ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Давлатов Ҳамрохон Ҳайдарбекович бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро бо “Рӯзи ҳуқуқи инсон” табрику таҳният гуфта, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар конференсия маърӯзаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1. “Эъломияи умумии ҳуқуқи инсони СММ аз эъломияи Куруши Кабир сарчашма мегирад”. Маърӯзачӣ: Саъдизода Ҷаҳонгир, н.и.ҳ., дотсент, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

2. “Масоили гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйии маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон дар мавриди ошкоркунӣ ва кушодани ҷиноятҳо марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар”. Маърӯзачӣ: Қодирзода Далер Сайфулло, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи криминалистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

3. “Факторы детермитирующие посягательства на половую неприкосновенносты”. Маърӯзачӣ: Абдуллоев Нозим Саъдуллоевич н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон;

4. Соотношение понятий “Интеллектуальная собственность” и “Интеллектуальные права” по законодательству Республики Таджикистан”. Маърӯзачӣ: Сидиқов Д.А., н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон;

5. “Ҷаҳонишавии ҳуқуқи инсон ва таъсири он ба низоми ҳуқуқи миллӣ”. Маърӯзачӣ: Сафарзода Некрӯз, н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. “Нақши тарбияи ҳуқуқӣ дар пешгирии нигилизми ҳуқуқӣ”. Маърӯзачӣ: Алиев Ф.Ш., н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ.

Чорабинӣ бо муҳокимаи маърӯзаҳо, мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб миёни иштирокчиён идома ёфт.

Дар фарҷоми конференсия Ҷамшед Машокиров ба маърӯзачиён ва иштирокчиён арзи сипос намуда, таъкид кард, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон минбаъд низ баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-амалиро идома дода, саҳми худро дар рушди маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон мегузорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top