МАСОИЛИ МУБРАМИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ

Бинанда: 681 | Санаи нашр: 10 Декабр 2024

Санаи 7-уми декабри соли 2024 дар синфхонаи “Иқтисоди сабз” - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ семинари ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар мавзуи “Масоили мубрами омодасозии кадрҳо дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва иқтисодиёти сабз” баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Раҷабов Раҷаб Кучакович - д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДТТ дар мавзуи «Баҳодиҳии механизми ҳавасмандгардонии кормандони корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ»; Ҳамидов Абдусалим Худойбердиевич - н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷменти ДДМИТ дар мавзуи «Ҷанбаҳои калидии технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар омоданамоии кадрҳо»; Бобоазиззода Шамшод Абдуғафур - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва соҳибкории ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур дар мавзуи «Муаммоҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ»; Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич - н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ дар мавзуи «Масоили менеҷменти кадрӣ дар шароити рақамикунонӣ»; Саломова Умия Туйчиевна - н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ дар мавзуи «Менеҷменти асри XXI: масоил ва мушкилоти ҳалли он»; Абдуллоев Зафарҷон Асҳобович – муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ дар мавзуи «Такмили низоми идоракунии кормандон дар шароити рақамикунонӣ»; Мирзон Некрӯз Мирзон - н.и.и., и.в. дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ дар мавзуи «Масоили омодасозии кадрҳо барои рушди кишоварзии ҳудудҳои деҳот дар шароити рақамикунонӣ ва иқтисодиёти сабз» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар муҳокима ва музокирот омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top