9-уми декабри соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар синфхонаи “Иқтисоди сабз” – и Маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ дар доираи маъракаи иттилоотӣ аксияи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат дар оила» таҳти унвони «Зиндагӣ бо муҳаббат зебост!» баргузор гардид.
Дар ҷорабинӣ роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова, фаъолзанони донишгоҳ Нигина Махсумова, Ҳамида Ғафурова, Нигора Шамсуллозода, Назира Азизова ва доираи васеи донишҷӯдухтарон иштирок намуда, атрофи ин мавзуи муҳим изҳори назар намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувону донишҷӯдухтарон, пешгирии зӯроварию хушунат, огоҳсозии онҳо аз оқибатҳои зӯроварӣ ва бунёди оилаи хушбахту бехушунат мебошад.
Сипас, дар сохторҳо ва факултетҳои донишгоҳ байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯдухтарон дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» корҳои фаҳмондадиҳӣ идома ёфта, ба иштирокчиёни аксия маводи тарғиботию ташвиқотӣ тақдим карда шуд.