Мизи мудаввар дар мавзуи “Тиҷорати электронӣ ва имкониятҳои рушди он дар шароити иқтисоди сабз”

Бинанда: 644 | Санаи нашр: 09 Декабр 2024

Санаи 06.12.2024 дар синфхонаи иқтисоди сабзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ ва Маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Тиҷорати электронӣ ва имкониятҳои рушди он дар шароити иқтисоди сабз” бо иштироки корманди Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон Исфандиёр Салимов, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ташкили чорабиниҳо бо иштироки мутахассисони амалия ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки сатҳи донишҳои амалӣ, малака ва маҳорати касбии худро баланд бардошта, дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд.
Сипас, корманди Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон Исфандиёр Салимов бо истифода аз рӯнамо ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар мавзуи “Тиҷорати электронӣ ва имкониятҳои рушди он дар шароити иқтисоди сабз” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, оид ба зарурият ва аҳамияти тиҷорати электронӣ, имкониятҳои рушди он дар шароити гузариш ба иқтисоди сабз ба донишҷӯён иттилооти муфассал дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top