ҚАДРДОНИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТОҶИРИ АҶАМ” - И ДДТТ

Бинанда: 404 | Санаи нашр: 07 Декабр 2024

Санаи 5 декабри соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиш таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-маҳсули хиради волои Пешвои миллат» баргузор шуд. Иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди тафаккури шаҳрвандон ва нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани эҳёи арзишҳои миллию маънавӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб саҳми назаррас гузоштааст, Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top