Санаи 07-уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами рақамикунонии бахши молия: дурнамо ва тамоюли рушди он” бо иштироки муҳаққиқон, мутахассисони соҳа ва донишҷуён доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, аҳли толорро бо иди касбии молиячиён табрику таҳният гуфт ва иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти бахши молия дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушд карда, омили муҳимми инкишофи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Мавсуф қайд намуд, ки маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии ислоҳот дар идораи молияи давлатӣ, мақомоти молия ҳоло ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас фаъолият карда истодааст. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки барои татбиқи рақамикунонии бахши молия дар кишвар мутахассисони баландихтисос нақши муҳим мебозанд ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саҳми назаррас дорад.
Сипас, Саидов Абдулҳаким Бойхонович, муовини сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Баъзе ҷанбаҳо ва масъалаҳои рақамикунонии бахши молия дар кишвар» маърӯза намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиётро бароҳ монда, дар ин самт ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Дар идомаи кори конфронс Ораз Муртазозода, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Аҳаммияти рақамикунонии иқтисодиёт дар шароити ҷаҳонишавӣ”, Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар мавзуи “Исследование ценообразования на оказание автотранспортных услуг в сельской местности Таджикистана в условиях цифровизации”, Ҳамидова Садафмоҳ Ҳалимовна, номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи “Основные подходы к оценке эффективности деятельности налоговых органов”, Раҳматов Сияршоҳ Маҳмадшоевич дар мавзуи “Нақши хазинадории давлатӣ дар рақамикунонии бахши давлатии Тоҷикистон”, Холаҳмади Сайалӣ номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи “Рақамикунонии иқтисодиёт ва муносибатҳои молиявӣ дар шароити муосир” суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов, профессорон Абдусаттор Ҷабборов ва Раҷаб Раҷабов дар музокира иштирок намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши раванди рақамикунонӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.