1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) эълон гардидааст. Ҳадаф аз таҷлили ин сана- иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он мебошад, зеро ҳаёти солиму бехатар барои ҳар инсон муҳимтарин арзиши зиндагист. Барои ҳифзи ин арзиши олии шаҳрвандон Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳои сатҳи гуногун баргузор менамояд. Соли ҷорӣ низ, санаи 29 ноябр дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии маркази шаҳрии ВНМО ва Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №4 дар донишгоҳ аксияи “Рӯзи мубориза алайҳи пешгирии бемории ВНМО” гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.