Рӯзи 22-юми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди суғурта дар мамлакатҳои ИДМ ва таъсири омилҳои монеъшаванда ба рушди он” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан Капустина Надежда Валериевна – д.и.и., профессори кафедраи амнияти иқтисодӣ ва идоракунии хавфҳои Муассисаи федералии давлатии таълимии буҷетии таҳсилоти олии “Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия” дар мавзуи “Инкишофи суғурта ва идоракунии хавфҳо дар мамлакатҳои ИДМ”, Содиқов Раҳмон Ҳамроевич – н.и.и., дотсенти кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии назди Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Рақамикунонии бозори суғурта дар Тоҷикистон”, Ҳамидова Садафмоҳ Ҳалимовна – доктор PhD, дотсенти кафедраи андоз ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои танзими он”, Шоназарзода Нигора Шоназар – н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва муаммоҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Дар музокира д.и.и., профессор Раҷабов Р.К. иштирок намуда, дар бораи рушди суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.