Санаи 22-юми ноябри соли 2024 мувофиқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи фанҳои гуманитарӣ семинари таълимӣ-методӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони “Парчами давлатӣ - рамзи истиқлол ва давлатдории миллӣ” бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандӣ ва омӯзгорон баргузор гардид.
Семинарро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, н.и.с., дотсент Ҷаъфар Неъмонов ҳусни оғоз бахшида, иштироккунандагонро хайра мақдам гуфта, ҳозиринро ба ҷашни Парчами давлатӣ табрик ва муборакбод намуд.
Сипас, омӯзгори кафедра, муаллими калон Фирӯза Сангова дар мавзӯи “Парчами давлатӣ - рамзи истиқлолият ва ҳастии миллат” маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолиб намуд.
Инчунин, якчанд нафар аз донишҷӯён ба монанди Қурбонов Айниддин, Худойназарова Озода, Шарипова Ҷасмина, Мухторзода Мақсуд, Зарипов Шаҳзод, Зарипов Баҳриддин ва Қаҳҳоров Тоир дар музокира иштирок намуда, андешаҳои худро перомуни ин мавзуъ баён намуданд.