ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ

Бинанда: 1062 | Санаи нашр: 21 Ноябр 2024

Санаи 20-уми ноябри соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни "Беҳтарин донандаи Конститутсия" бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Алиев Фаррух Шарифович барои саҳми муносиб ҷиҳати татбиқи бомароми сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, ташвиқу тарғиби арзишҳои милливу фарҳангӣ, ташкил ва баргузор намудани озмуни "Беҳтарин донандаи Конститутсия" бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Раёсат, аҳли профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ Фаррух Алиевро бо ин дастоварди муҳим табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи омӯзгорию илмии ӯ муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top