21-уми ноябри соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин бо омӯзгорону донишҷӯён, мудирони кафедраҳо, деканони факултетҳо ва сардорони раёсатҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Абдукарим Қурбонов - муовини якум, муовини ректор оид ба таълим оғоз намуда, меҳмонро хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ монеаи рушду тараққиёти ҷомеа мегардад.
Сипас, корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфиддинзода дар бораи татбиқи амалии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин қайд намуд, ки яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ сохтани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар шароити муосир ин коррупсия мебошад.
Воқеан коррупсия падидаи манфии ҷаҳони муосир ва мушкилоти сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардида, дар ҳаёти ҷомеа падидаи нав набуда, он таърихи тӯлонӣ дорад ва сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва дараҷаи тараққиёт давлатҳоро фаро гирифтааст, ки он имрӯз танҳо аз рӯӣ миқёс тафовут менамояд.
Таърихи башарият гувоҳи он аст, ки новобаста аз чораҳои қабулнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сайъю кӯшиши давлатҳо, айни ҳол коррупсия дар арсаи байналмилалӣ ба тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти миллӣ ва тараққиёти иҷтимоию иқтисодии давлатҳо амалан таҳдид менамояд. Ин зуҳуроти номатлуб ба фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва самаранокии идоракунии давлат таъсири манфӣ расонида, рушди босуботи иқтисодию сиёсии кишварҳоро халалдор менамояд ва дастрасии аҳолиро ба таълиму тарбия ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ аз байн бурда, нобаробарии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти оқибатҳои манфии коррупсия дар устуворӣ ва идоракунии давлат, поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодиёти кишвар, мубориза бо ин амали номатлубро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза бо ин падидаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеаро пурзӯр карда истодаанд.
Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва заковати дурбинона ҷиддияти ин масъаларо сари вақт дарк намуда, 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот санаи 10 декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июли соли 2005 ва 7 августи соли 2020 ҳамчун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 ба Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд шомил гардид, ки ин иқдом қадамҳои устувори такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Минбаъд бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори хатари коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро ба имзо расонида, соли 2008 онро тасдиқ кард ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвар эътироф намуд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта бо ташаббуси сиёсии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд, ки ин иқдом изҳори мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи оштинопазир бо коррупсия ва таҳаммулнопазирии он ба ин зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, саҳифаи навро дар таърихи ҳаёти ҳуқуқии кишвар боз намуд.
Ҳамзамон дар се маврид таҳия ва амалӣ намудани стратегияҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то соли 2030, ки айни замон татбиқи он ҷараён дорад, шаҳодати ташаккули сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ бо ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин падидаи манфӣ маҳсуб ёфта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо шинохта шудааст.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози муқовимати расмӣ бо ин падидаи хатарнок, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани сиёсати зиддикоррупсионӣ пайваста чораҳои муассир роҳандозӣ гардида, ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул ва тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади муайян намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва асосҳои ташкилию ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ба тасвиб расонида шуда, соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» дар таҳрири нав қабул гардид, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва поквиҷдонӣ дар хизмати давлатӣ нигаронида шудааст.
Дар хотимаи вохӯрӣ Абдукарим Қурбонов ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ хуб дарк намудаанд, ки мубориза бар зидди ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла коррупсия вазифаи натанҳо кормандони агентии зикргардида ва мақомотҳои қудратӣ, балки кори дастҷамъона ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.