Санаи 20-уми ноябри соли 2024 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук дар бинои 7-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҷлиси судии намунавии оилавӣ ва ҷиноятӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои 1-уми ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Мақсади гузаронидани мурофиаҳои мазкур баланд бардоштани донишҳои касбӣ-ҳуқуқӣ ва аз худ кардани нозукиҳои касби ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ташкили чунин мурофиаҳои намунавии таълимӣ заминаи баланд бардоштани сифати таълим, маърифати ҳуқуқии донишҷӯён гардида, барои ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯёни самти ҳуқуқшиносӣ ва ихтисосманд шудани онҳо кӯмаки бевосита мерасонад.