Боиси ифтихор аст, ки Қурбонова Ширинмо Сафаровна, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010403 -андоз ва андозбандии факултети молия ва қарзи донишгоҳ дар номинатсияи "Адабиёти ҷаҳон" и Озмуни" Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид!
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ӯро бо ин дастоварди назаррас самимона табрик намуда. таманно дорад, ки дар оянда низ бо заҳмату кӯшишҳои пайваста ба қуллаҳои баланди маърифат ва дониш ноил гардад.
Бигзор ин комёбӣ барои ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ намунаи ибрат ва илҳомбахш гардад!