15-уми ноябри соли 2024 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки донишгоҳ мизи мудаввар бахшида ба 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳифаҳои заррин дар таърихи тоҷикон” бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия, н.и.и., дотсент Гулнора Ҳисориева оғоз намуда, доир ба аҳаммияти таърихӣ ва сарнавиштсози Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ барои миллату давлатсозии навини тоҷик ибрози андеша карда, оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти коститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон махсус қайд намуд.
Сипас, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, н.и.и., дотсент Ҳомидов Абдуалим Нарзиқулович дар мавзӯи зикршуда маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, иброз дошт, ки дар саросари кишвари мо ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад ва ин ҷашнҳои фархунда барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хеле азизу гиромӣ буда, саҳифаҳои заррин дар таърихи тоҷикон маҳсуб меёбад.
Мавсуф инчунин қайд намуд, ки вобаста ба ин санаҳои таърихӣ бо ибтикори кафедраи забонҳо дар санаи 13.11.2024 дар байни донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултетҳои донишгоҳ озмуни иншои беҳтарин (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) баргузор гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни беҳтарини озмуни мазкур аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.