ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Бинанда: 458 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2024

15-уми ноябри соли 2024 бо ибтикори кафедраи фаъолияти бонкӣ бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – симои мардуми тамаддунофар” бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси кори бонкӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо хондани Суруди миллии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиён оғоз ёфт.

Нахуст, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов аз рӯйдодҳои он замон, мушкилиҳо, бесарусомониҳо ва оқибат имзои сулҳи деринтизори миллати тоҷик суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва дар он роҳбарияти нави мамлакат таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд, ки он Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

Сипас, донишҷӯён атрофи воқеаҳои сиёсии бузурге, ки миллати тоҷик дар охирҳои садаи бистум бо онҳо рӯ ба рӯ шуда буд, баромад намуда, аз ҷумла, суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас гардиданд: “Таърих гувоҳ аст, ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XX аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчу шакли давлатдории мутаммаддину пешрафта сабзида, ба камол расид ва ташаккул ёфт”.

Донишҷӯён аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф ва арзёбӣ гардидани сулҳи тоҷикон ва ақидаҳои чеҳраҳои машҳури сиёсию адабӣ оид ба тавсифи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Сайфулло Авғонов, декани факултет Қурбоналӣ Кабутзода, ҷонишини декан оид ба таълим Шарафҷон Бобоев, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Лоиқ Ҳалимов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Самиаъло Асадуллозода, омӯзгорони кафедра Муборак Сафарова ва Ҳусейн Одинаев иштирок намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top