15 – уми ноябри соли 2024 бо ибтикори кафедраи молияи факултети молия ва қарз дар донишгоҳ мизи мудаввар бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳаммияти иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳким ва суботи истиқлолияти кишвар» баргузор гардид.
Мизи мудавварро декани факултети молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбоналӣ Кабутзода оғоз намуда, доир ба аҳаммияти таърихӣ ва сарнавиштсози Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ барои миллату давлатсозии навини тоҷик ибрози андеша кард.
Сипас, номзади илмҳои педогогӣ, дотсент Бойалӣ Ҳусенов дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар” бо маърӯзаи пурмазмун суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин Иҷлосияи тақдирсози кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони халқ якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Мавсуф оид ба саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сохти коститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон махсус қайд намуд.
Инчунин, донишҷўёни ихтисоси молия ва қарз Саламшо Раҳматуллозода, Аҳдия Анварова, Омина Назризода ва Муҳаббат Саидова доир ба мавзӯи зикршуда маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар музокира сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов, мудири кафедраи молия Баҳодур Дустматов ва омўзгори кафедра Абдуллозода Азаматулло иштирок намуда, доир ба мавзӯи матраҳшуда андешаҳои худро баён намуданд.
Чорабиниро декани факултет Қурбоналӣ Кабутзода ҷамъбаст намуда, ба маърўзачиён барои суханронии пурмазмун арзи сипос намуд.