Санаи 07 ноябри соли 2024 дар толори судии кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҷлиси судии намунавӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси судӣ донишҷӯёни курси 4 – уми ихтисоси 24010104 Олими Ф. – нақши судя, Файзализода Н. – нақши прокурор, Урунов С. – нақши котиби маҷлиси судӣ, Бобомуродов Н. – нақши муфаттиш, Исоев С. – нақши ҳимоячӣ ва Салимов Қ. – нақши айбдоршавандаро бозӣ карданд.
Дар маҷлиси судӣ амалияи татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс, ки дар асоси дархости прокурор ворид шудааст, нишон дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки ташкили чунин мурофиаҳои намунавӣ заминаи баланд бардоштани сифати таълим ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён гардида, барои ихтисосманд шудани онҳо кӯмаки бевосита мерасонад.