Рӯзҳои 1-3 ноябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба Ҷудо байни ҷавонон ва наврасон - Judo club Ustopiriyon II баргузор гардид.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250111- аудити шуъбаи рӯзонаи факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мирзоумарзода Суннатулло дар гуштини "Judo club Ustopiriyon"иштирок намуда, дар вазни 81 кг ҷойи аввалро ишғол намуд.
Раёсат ва ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТТ Суннатулло Мирзоумарзодаро бо ин муваффақият табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ ва қуллаҳои баланди варзишро орзумандем!