Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 05.11.2024 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ бахшида ба 30 – юмин солагарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур олимони соҳаи ҳуқуқ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Мизи мудавварро мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ф.Ш. Алиев ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ” баромад намуд. Қайд намуд, ки Конститутсия бевосита василаи муҳимми болобурди фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мебошад, зеро дар он меъёрҳои тамоми соҳаҳои ҳуқуқ бо тариқи умумӣ ифода ёфтаанд.
Маърӯзаи дигар аз ҷониби ассистенти кафедра Д.М. Бобохониён дар мавзӯи “Конститутсия - кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” шунида шуд, ӯ қайд намуд, ки маҳз Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст.
Сипас донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 24010205 – ҳуқуқи гумрукӣ Ф. Ашурова дар мавзӯи “Конститутсия – санади олии ҳуқуқӣ” маърӯза намуда, иброз намуд, ки меъёрҳои Конститутсия эътибори Олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал менамоянд.
Дар фарҷом, музокира ва саволу ҷавобҳо аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.