Рӯзи 1-уми ноябри соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук дар кафедраи фаъолияти гумрук бахшида ба «Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарси кушоди тарбиявии муаллими калони кафедра Ашурова М.Т., бо иштироки декани факултет, дотсент Ҳомидов А.Н., муовини декан оид ба тарбия Шаропов Ф.Н., мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С., ассистент Хасанов Ё.С. ва донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисоси 960101-хадамоти гумрук баргузор гардид.
Нахуст, дарси кушоди тарбиявиро муаллими калони кафедра Ашурова М.Т. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, Конститутсия санади тақдирсози миллати тоҷик буда, ҳамасола Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо ботантана ҷашн гирифта мешавад. Таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин санади бузурги таърихӣ гувоҳӣ ин мебошад.
Сипас, донишҷуён Аслиддин Ибрагимов дар мавзуи “Арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ”, Идрис Ятимов дар мавзуи “Конститутсия - эҳёгари арзишҳои миллӣ”, Қурбоналии Саттор дар мавзуи “Конститутсия - бахтномаи миллат”, Раҷабзода Дурандеш дар мавзуи “30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърузахои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти дарси кушод мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.