Рӯзи 31.10.24 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Маҳорати касбии омӯзгор” бо иштироки омӯзгорони ҷавони кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Нахуст, семинарро мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, н.и.и. Сарвиноз Урунова бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки маҳорати касбии омӯзгор ва сайқал додани он яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим мебошад.
Сипас, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, н.и.п. Бойалӣ Ҳусейнов оид ба методикаҳои гузаштани дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор (КМРО) маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Инчунин, дар семинар роҳу усулҳои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор, хусусиятҳои педагогии омӯзгор ва одоби муоширати омӯзгор дар ҷараёни таълим ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзуъ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.