СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ - МЕТОДӢ

Бинанда: 465 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2024

Рӯзи 30.10.2024 дар асоси нақшаи гузаронидани чорабиниҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ семинари таълимӣ-методӣ дар мавзӯи Роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шароити ҷаҳонишавӣ ” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси 25010705 - иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои савдо баргузор гардид.

Нахуст, семинарро мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилҷон Алимов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъалаи мубрами рӯз буда, он зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сипас, омӯзгорони кафедра дотсентон Нарзулло Сангинов, Исматулло Исматуллоев ва Назаралӣ Салимов бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуда, усулҳо ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилотро пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми семинар музокира ва саволу ҷавоб байни иштирокчиёни чорабинӣ сурат гирифт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top