Боиси хушнудист, ки омӯзгори кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдуллозода Азамат Бобоҷон ба дастоварди назарраси илмӣ ноил гардид. Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2024, № 392/уи ба Абдуллозода Азамат Бобоҷон шаҳодатномаи намунаи давлатии унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёт дода шуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои ноил шудан ба унвони илмии дотсент табрику муборакбод намуда, ба ӯ тансиҳатии комил ва расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари илмиро таманно менамоянд.