КИТОБ – ГАНҶИ БЕБАҲО

Бинанда: 744 | Санаи нашр: 30 Октябр 2024

Санаи 29.10.2024 бо мақсади тақвияти завқи китобхонӣ, нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва такмили захираи луғавӣ донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 23010205-таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ бо роҳбарии сарпарасти гурӯҳ, н.и.и. Ҷовидон Сафаров аз китобхонаи донишгоҳ боздид ба амал оварданд.

Мудири китобхона Парвизи Садриддин дар хусуси китобхонаи донишгоҳ, тартиби аъзо шудан, истифодаи самараноки хазинаи китобхона ба донишҷӯён маълумоти муфассал дод.

Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки китоб ва китобхона дар ташаккули андешаю ҷаҳонбинӣ, дарки ҳодисаҳои олам, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии инсон нақши бузург дорад. Аз ин ҷост, ки мардуми маърифатпарвари олам ба ин ганҷи бебаҳо рӯ оварда, мутолиа ва бо мақсади мерос гузоштан ба наслҳои имрӯзу оянда онро ҳифз менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top