УНВОНИ ИЛМӢ МУБОРАК

Бинанда: 431 | Санаи нашр: 30 Октябр 2024

Боиси хушнудист, ки омӯзгори кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ ба дастоварди назаррас ноил гардид. Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон аз 30 сентябри соли 2024 № 10 ба Мирзоева Саёҳат Раҳмоновна унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси педагогика дода шуд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои ноил шудан ба унвони илмии дотсент табрику муборакбод намуда, ба ӯ тансиҳатии комил ва расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари илмиро таманно менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top