Рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида дар ҶДММ Ташкилоти суғуртавии “БИМА” семинар-тренинг дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси андозбандии ташкилотҳои суғуртавӣ дар шароити муосир” бо иштироки ҳайати кормандони ҶДММ Ташкилоти суғуртавии “БИМА” баргузор гардид. Дар он мудири кафедраи андоз ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Раҷабов Комрон Раҷабович бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуд. Дар ҷамъбасти семинар-тренинг маърӯзачӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод.