26-уми октябри соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои кори комиссияи ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули тоҷикон бо иштироки муовини раиси КМ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мавзуна Раҳматуллозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гулиҷаҳон Ниёзбекова, мудири шуъбаи кор бо занони КМ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Дилноза Асомиддинзода ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯдухтарон мизи мудаввар таҳти унвони “Қонуни танзим дар зеҳн ва рӯзгори занон” баргузор гардид.
Кори мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Ҳисориева Гулнора Тоировна оғоз намуда, вобаста ба мубрамияти масъала дар низоми қонунгузорӣ изҳори андеша намуд.
Муаррифии тафсири тағйиру иловаҳои воридгардида дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро М. Раҳматуллозода анҷом дода, таъкид намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сарчашма мегирад.
Сипас, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, н.и.и. Р. Ғаюрова, раиси бонувони факултети молия ва қарз, н.и.и. Шонаназарзода Н. Ш., дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ М. Сафарова ва котиби комиссияи ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҷамила Ғафурова бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён музокира ва хулосабарорӣ суръат гирифт.