25-уми октябри соли 2024 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии Сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусиятҳои экстремистидоштаи Маркази муқобилиятсозӣ зидди экстремизми Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҷонзода Илҳом Акрамҷон бо доираи васеи омӯзгорону донишҷуён, мудирони кафедраҳо, деканони факултетҳо ва сардорони раёсатҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Гулнора Ҳисориева - муовини ректор оид ба тарбия ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфта, суханро барои маърӯза ба Ҷонзода Илҳом Акрамҷон вогузошт.
Ҷонзода Илҳом Акрамҷон дар мавзӯи “Сабабҳо, омилҳо ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” маърӯзаи пурмазмун намуда, дар бораи иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротгароӣ, экстремизми динӣ, роҳҳои пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таъкид намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки бархе аз ҷавонон ба ҷойи илмомӯзию аз худ намудани донишҳои замонавӣ, ба таассубу хурофотпарастӣ дода шуда, шомили гурӯҳу ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ гардида, даст ба ҳодисаҳои нангин мезананд ва обрӯю эътибори падару модар ва миллату давлати худро коста мегардонанд.
Қайд гардид, ки яке аз омилҳои асосии шомилшавии наврасону ҷавонон ба созмонҳою ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ин гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар мадрасаҳои ғайрирасмии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон дод, ки қисми зиёди ҷавонон маҳз пас аз хатми ин гуна мактабҳо шомили созмонҳою ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мегарданд. Боиси таассуф аст, ки ин қабил ашхос дониши кофии динӣ надоранд, вале кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи таблиғу ташвиқ дигаронро ба иттиҳодияҳои террористию ифротгароӣ ҷалб намоянд.
Имрӯз масъалаи шомилшавии ҷавонони кишвар ба иттиҳодияҳои террористиву экстремистӣ хело нигаронкунанда мебошад, зеро аксарияти шомилшудагон ба иттиҳодияҳои террористиву экстремистиро чавонони синну солашон аз 17 то 30 сола ташкил медиҳанд.
Гуфта шуд, ки истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук, Инстаграм, Одноклассники, Ютуб ва ғайра ҷавонони ноогоҳро ба роҳҳои нодуруст ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ шомил мегардонад. Таҳлилҳо нишон дод, ки 85%-и шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд
Ҷонзода Илҳом Акрамҷон ба аҳли толор иброз дошт, ки ҳоло ҷаҳони муосир ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст ва баъзе аз ин хатарҳо ба кишвари азизамон - Тоҷикистон низ таъсир расонида метавонад. Аз ин лиҳоз, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида дар таълиму тарбияи фарзандон бомасъулият бошем ва дар атрофи сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, дар таъмини сулҳу субот ва ободию шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон саҳми бештар гузорем.
Дар хотимаи вохӯрӣ Гулнора Ҳисориева аз номи раёсати донишгоҳ ба Ҷонзода Илҳом Акрамҷон барои маърӯзаи пурмуҳтаво ва суҳбати самимию муфид арзи сипос намуда, иброз дошт, ки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати ҷумҳуриро ҷонибдорӣ намуда, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм муборизаро пурзӯр хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа