Мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ”

Бинанда: 478 | Санаи нашр: 26 Октябр 2024

25-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо садумин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки яке аз руйдодҳои муҳими асри ХХ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ин ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва соҳиби давлати миллӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қайд гардид, ки дар ибтидои садаи ХХ дар ҳудуди Осиёи Миёна якчанд маротиба тақсимоти марзӣ - миллӣ сурат гирифт, ки давраи аввали он солҳои 1917-1920–умро дарбар мегирад. Дар натиҷаи тақсимоти марзӣ – миллии давраи аввал дар ҳудуди Осиёи Миёна се давлат - ҶМШС Туркистон (1918), ҶХШ Бухоро (1920) ва Хоразм (1920) ташкил гардид.

Солҳои 1920-1924 бори дуюм дар ин сарзамин тақсимоти миллии марзӣ гузаронида шуд, ки тибқи он 14-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис дода шуд.

Тибқи тақсимоти давраи сеюм 16-уми октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ табдил дода шуд.

9-уми сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) Изҳорот «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро эълон намуда, қарори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.

Маҳз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 ба соҳибистиқлол гардидани кишвар ва ташаккули давлатдории миллӣ замина гузоштанд.

Имсол мо садумин солгарди давлат бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем ва бо пешравию ободкориҳое, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, Ватани маҳбуби мо ҳоло ба яке аз кишварҳои ободу пешрафта табдил ёфтааст.

Сипас, дотсентон Бойалӣ Ҳусейнов, Додарбек Хуморов, Ҷаъфар Неъмонов, муаллимони калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Сангова ва Муҳаммадсафои Исматулло дар мавзӯи “Нақши Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуда, омилҳои гуногуни таъсисёбии ҶМШСТ ва сабабҳои тақсимоти ноадолатонаи ҳудудҳои маъмуриро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар таъсисёбии ҷумҳурӣ фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур саҳми арзишманд гузоштаанд.

Маърӯзачиён хизматҳои арзандаи шахсони зикргардидаро барои наслҳои оянда намунаи ибрат дониста, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди шинохти ҳуввияти миллӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар дотсент Ҷамшед Машокиров фикру андешаҳои худро оид ба масъалаи мазкур баён намуда, ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ арзи сипос намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top