24-уми октябри соли 2024 дар кафедраи менеҷмент ва маркетинг тибқи нақшаи тасдиқгардида мизи мудаввар дар мавзуи “Мушкилоти рушди маркетинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи маниторинг ва идораи сифати таълим, н.и.и., и.в. дотсент Урунова С.А., мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, н.и.и., и.в. дотсент Мирзон М.Н., омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 260203-маркетинг ширкат варзиданд.
Нахуст, мудири кафедра Мирзон Н.М. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки ташкили чунин мизҳои мудаввар баҳри ҷалби донишҷӯён ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва сифати таълим мусоидат мекунад.
Сипас, н.и.и., муаллими калони кафедра Абдураҳмон Ҳ. дар мавзуи “Мушкилоти рушди маркетинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, қайд кард, ки яке аз мушкилоти муҳим ҷиҳати рушди маркетинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон ва ширкату корхонаҳо мафҳуми маркетингро ҳамчун маъмулӣ ва хеле одӣ қабул кардан мебошад. Ҳоло маркетинг дар бисёр мавридҳо саҳван танҳо ба маҷмӯи чорабиниҳо оид ба захира ва фурӯши молҳои тавлидгардида фаҳмида мешавад. Чунин фаҳмиши яктарафа ва хеле маҳдуди мазмун ва вазифаҳои маркетинг ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад.
Барои рушди маркетинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои зерин зарурӣ мебошанд: ҳаракат аз тамоюли фурӯш ба самти тамоюли харид, беҳтар намудани чорабиниҳои робита бо ҷомеа (PR), истеҳсоли молҳои баландсифати ватанӣ, мусоидат дар ташкили шурои методӣ оид ба омода ва нашри адабиёти илмӣ оид ба маркетинг, рушди низоми ҳамкориҳои байналмилалӣ, тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи маркетинг, муттаҳид намудани имконият ва кӯшишҳои ҷамъиятҳои маркетологҳои касбӣ, ташкили марказҳо барои гузаронидани таҳқиқотҳои маркетингӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва ғайра.
Ҳамин тариқ, барои бартараф намудани мушкилоти болозикр андешидани чораҳои зарурӣ ва ҳалли онҳо хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ дотсентон Урунова С.А., Мирзон М.Н., Мирзоалиев А.А., Табаров А.Қ. ва муаллими калон Ясакиева С.А. дар музокирот иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба масъалаи мазкур баён намуданд.